Муҳоҷирати дастрас

барои шаҳрвандони ҶТ

Сомона барои дастрасии маълумот дар бораи муҳоҷират дар давраҳои гуногуни он тахия шудааст.
Ҳамаи маълумоти муфид ба таври ройгон дастас мебошад.

Тамос бо мо

Саволҳо ва пешниҳодҳо

Агар шумо савол ё пешниҳоде доир ба муҳоҷират ё кори сомонаи мо доред, метавонед тавассути яке аз ин рақамҳо бо мо дар тамос бошед.

Хадамоти муҳоҷират

Саҳифа тибқи рӯйхат

Шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Хадамоти муҳоҷират

info@infomuhojir.tj

Барои алоқа тавассути почтаи электронӣ қуттии мазкурро истифода баред

Барнома дар телефон

+992 37 2-25-07-25

Замимаро ба телефон боргирӣ кардан

Санҷиши манъи воридшавӣ

Саҳифа бо истинодҳо

Кумак барои санҷиши манъи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия

Маводҳо доир ба мавзӯи муҳоҷират

Шумо метавонед таснифи сабтҳоро интихоб кунед

Муҳоҷироне, ки дар вилояти Твер зиндагӣ мекунанд, наметавонанд дар баъзе ҷойҳои холии қаблан дастрас дар соли 2021 кор пайдо кунанд

 

 

         Дар вилояти Твер рӯйхати касбҳо тасдиқ карда шудааст, ки дар он мувофиқи қарори губернатори вилоят Игор Руденя соли 2021 фаъолияти  муҳоҷирон манъ аст.

         Рӯйхати тасдиқшуда якчанд касбро дар бар мегирад, ки барои онҳо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ манъ карда шудааст.    

         Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар як қатор ҷойҳо кор пайдо кунанд.

         Ба ин рӯйхат, ки хориҷиён ба он иҷозат дода намешаванд, хоҷагии ҷангал ва коркарди чӯб, ба истиснои касбҳои пастихтисос, истеҳсоли оби ҷав ва нӯшокиҳои спиртӣ ва машрубот, сохтмони иншооти гидротехникӣ, маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ дохил карда шудаанд.

         Ғайр аз он, манъкунӣ ба нақлиёти мусофирбар ва боркашонӣ низ дахл дорад.

         Аз соли 2021 ба муҳоҷирон тиҷорати яклухт ва чакана, аз ҷумла тиҷорат тавассути агентҳо манъ карда шудааст.

         Дар ин ҷо манъкунӣ ба фурӯши ҳама намуди маҳсулот дахл дорад, ба истиснои фурӯши мошинҳо ва мотосиклҳо.

         Хориҷиён инчунин наметавонанд миёнарави молиявӣ шаванд ва дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ягон намуди фаъолият машғул шаванд.       

         Ҳамзамон, мушаххас шудааст, ки мамнӯъиятҳои нав ба шаҳрвандони Қирғизистон, Беларус ва Арманистон таъсир намерасонанд.

МУҲОҶИРОН ЧӢ МЕГӮЯНД? (суҳбати сарироҳӣ)

 

         Хабарнигори Хадамоти муҳоҷират Анвар Юсупов бо Нозим Сафаров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе суҳбати сарироҳӣ баргузор намуд:

Анвар: - Шумо аз муҳоҷират баргаштед?

Нозим: - Бале, ман муддати 10 сол мешавад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия кору фаъолият менамоям ва ҳар сол ду-се маротиба ба Ватан меоям.  Аслан ман бо корҳои сохтмонӣ машғулам. Маоши хуб мегирам.

Анвар: - Ҳолатҳое буданд, ки аз ҷониби корфармо нисбат ба Шумо ҳуқуқвайронкунӣ ва ё боздоштани маош рӯй дода бошад?

Нозим: - Не, ҳеҷ вақт.

Анвар: Шумо ягон маротиба бемор шудед ва дар ин ҳолат маблағи табобат аз тарафи кӣ пардохт шуд?

Нозим: - Ман як маротиба курудаамро ҷарроҳӣ кардам, маблағашро ширкат пардохт намуд, чунки дар шартномаи кориам хурду хӯрок, ҷойи хоб ва беморӣ қайд гардида буд. Роҳбарияти ширкат чанд маротиба ба дидорбиниям омад, барои муолиҷаам кумаки модӣ расонд.

Анвар: - Аз надоштани ихтисос танқисӣ доштед?

Нозим: - Дар бригадаи мо ҳама ихтисосманд буданд. Мо метавонистем дар ҳар лаҳза якдигарро иваз намоем. Асоси кори мо якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни ҳамватанон буд. Ягона душвориамон хуб надонистани забони русӣ. Шукрона, ки ман дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе калон шудам, забони русиро хуб ёд гирифтам. Боқимонда ҳамкорони ман, ки бисёрашон аз деҳот ҳастанд, ҳоло на он қадар хуб русиро медонанд.

Анвар: - Роҳҳо кушода шаванд, Шумо боз ба кишвари Россия меравед?

Нозим: - Албатта, меравам. Алакай аз номи роҳбарияти ширкат даъватнома ҳам гирифтам. Онҳо маро интизоранд. Ният дорам, ки рӯзҳои наздик вазъият бо ин бемории нави КОВИД-19 тағйир ёбаду, ман боз барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор гардам.

Анвар: - Шумо 10 сол боз дар муҳоҷират ҳастед, ба андешаи Шумо барои беҳбуди кори муҳоҷирон чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонид?

Нозим: - Бисёр мехостам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Созишнома оид ба таъмини нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббиро ба имзо расонанд, то баъди ахиран аз муҳоҷират баргаштан, мо бо нафақа таъмин шавем.

Анвар: - Ташаккур!

Хабарҳо

Инҷо ҳама хабарҳо дар бораи Вазорат ва шарикон гирдоварда шудаанд

4 янв
Муҳоҷироне, ки дар вилояти Твер зиндагӣ мекунанд, наметавонанд дар баъзе ҷойҳои холии қаблан дастрас дар соли 2021 кор пайдо кунанд
           Дар вилояти Твер рӯйхати касбҳо тасдиқ карда шудааст, ки дар он мувофиқи қарори губернатори вилоят Игор Руденя соли 2021 фаъолияти  муҳоҷирон манъ аст.          Рӯйхати тасдиқшуда якчанд касбро дар бар мегирад, ки барои онҳо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ манъ карда шудааст.              Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар як қатор ҷойҳо кор пайдо кунанд.          Ба ин рӯйхат, ки хориҷиён ба он иҷозат дода намешаванд, хоҷагии ҷангал ва коркарди чӯб, ба истиснои касбҳои пастихтисос, истеҳсоли оби ҷав ва нӯшокиҳои спиртӣ ва машрубот, сохтмони иншооти гидротехникӣ, маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ дохил карда шудаанд.          Ғайр аз он, манъкунӣ ба нақлиёти мусофирбар ва боркашонӣ низ дахл дорад.          Аз соли 2021 ба муҳоҷирон тиҷорати яклухт ва чакана, аз ҷумла тиҷорат тавассути агентҳо манъ карда шудааст.          Дар ин ҷо манъкунӣ ба фурӯши ҳама намуди маҳсулот дахл дорад, ба истиснои фурӯши мошинҳо ва мотосиклҳо.          Хориҷиён инчунин наметавонанд миёнарави молиявӣ шаванд ва дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ягон намуди фаъолият машғул шаванд.                 Ҳамзамон, мушаххас шудааст, ки мамнӯъиятҳои нав ба шаҳрвандони Қирғизистон, Беларус ва Арманистон таъсир намерасонанд.
24 дек
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар вазъи муҳоҷирин дар Русияро баррасӣ хоҳад кард
           Путин ният дорад, масъалаи амнияти муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳбарони кишварҳои таъминкунандаи Русия бо нерӯи корӣ баррасӣ намояд.          Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласаи Шӯрави давлатӣ ва Шӯро оид ба рушди стратегию лоиҳаҳои миллӣ таъкид намуд.          “Баррасии ин масъала зарур аст ва ман инро бо ҳамкорон аз кишварҳое, ки аз он ҷо ба Русия муҳоҷирони меҳнатӣ меоянд, баррасӣ хоҳам кард”, - гуфт Владимир Путин.          Ба гуфтаи ӯ аллакай дар марҳалаҳои аввал бояд бехатарӣ таъмин карда шавад, ҳам барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар сохтмон машғули коранд ва ҳам барои русиягиҳое, ки дар ин иншоот фаъолият доранд.          Путин гуфтааст, бояд имкон дод, ки ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.          Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намудаст, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд. Бояд дид албатта, суроғавӣ, тавзеҳ дод Путин.          Қаблан аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ хабар дода шуда буд. Зикр гардида буд, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.           
15 дек
Рӯзи байналмилалии муҳоҷир
          Ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии муҳоҷир бо тантана ҷашн гирифта мешавад.          Бояд гуфт, ки оғоз аз моҳи ноябр бахшида ба ин ҷашн дар аксари шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, инчунин дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоту ташкилотҳои байналмилалӣ чорабиниҳои гуногун дар самти ташвиқоту тарғибот доир карда мешаванд.          Қобили зикр аст, ки аз соли 2000 то ин ҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ, ки  18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо қабул намуд.           Муҳоҷират ва зуҳуроти муҳоҷирӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омада, дар асрҳои миёна одамон бинобар касалии вабо ва қашшоқӣ аз як ҷой ба ҷои дигар муҳоҷират мекарданд. Аз ҳамон давра одамон кӯшиш мекарданд, ки барои беҳтар намудани шароити зисти худ заминҳои киштбоб, инчунин наздик ба об ва ҷои шикорро дарёфт намоянд. Маҳз бо шарофати муҳоҷирати мардум кашфиёти географӣ ва шаҳру деҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Имрӯз муҳоҷират як раванди муҳим гаштаасту қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳоҷиронро қабул мекунанд ё баръакс, интиқол медиҳанд. Ҳар давлат дар ҳар давру замон ҳодисаи муҳоҷиратро ба таври гуногун гузаронидааст.           Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин як роҳи ворид намудани маблағ ба буҷаи оила буда, аз ҳисоби кор дар хориҷа муҳоҷир маблағ ба даст меоварад ва вазъи оилавии худро беҳтар мекунад, хона, мошин ва бевосита кулли лавозимоти моддии оиларо таъмин менамояд, инчунин фарзандонашро мехононаду маросими тӯйи онҳоро ба ҷо меорад. Зикр намудан бамаврид аст, ки бо роҳи муҳоҷират ҷараёни ҷаҳонишавии давлат низ суръат мегирад. Аз ҳисоботи Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни кор технологияҳои навро аз худ мекунанд.          Бояд гуфт, ки дар замони кунунӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст.  Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.           Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем.           Бояд қайд намуд, ки муҳоҷирати имрӯзаро асосан ба оғози солҳои 90-уми қарни ХХ рабт додан дуруст аст, зеро мавҷи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик маҳз ҳамин солҳо оғоз гардида, тадриҷан доман паҳн кард, ки  сабабҳои он дар аввал, нобасомонӣ, иқтисоди касод ва аз кор баромадани корхонаҳои саноативу маишӣ, яъне паст гаштани сатҳи зиндагӣ буданд.           Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳоҷират ба Россия ва Қазоқистон бо назардошти манфиати бештар доштан ба раванди болоравии сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди миллӣ, пас аз ором шудани вазъ дар Тоҷикистон ва тадриҷан фаъол шудану бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон ва бад ин васила рушд ёфтани иқтисоди миллӣ, сол то сол бештар гардида, ба анъана табдил ёфт.          Мо, ки ҳама дар як давраи бузург зиндагонӣ мекардем, то ҳол дар шуури мардум аз он замон таассурот боқӣ мондааст ва Федератсияи Россия низ яке аз муҳимтарин шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ раванди болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас густариш ёфта, ҳатто симои шаҳру деҳот бо бунёди корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ва манзилҳои бо тарзи муосир сохташуда таъсири мусбат мерасонад.                                                                                         Анвар ЮСУПОВ                                                                                     
15 дек
Вазорати сохтмони Русия мехоҳад ба Ҳукумат пешниҳод кунад, то вуруди муҳоҷирон ба кишвар содда гардонда шавад
         Вазорати сохтмон барои содда кардани вуруди муҳоҷирон дар сохтмонҳо, ба ҳукумат пешниҳод омода кардааст.          "Вазорати сохтмони Русия масъалаи содда гардонидани вурудро барои муҳоҷирон барои кор дар якчанд объектҳои сохтмонии манотиқи Русия, баррасӣ дорад", - омадааст дар хабарнома.          Дар баробари ин гуфта мешавад, ки вуруди муҳоҷирон танҳо барои ширкатҳое иҷоза дода мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя менамоянд.          Интизор меравад, ки Вазорат шумораи муайяни муҳоҷиронро барои анҷоми кор дар муҳлат муайян мекунад.          Ин пешниҳод ҳамчунин ба Роспотребнадзор ва ФМС низ равон карда шудааст.          Муҳоҷирон дар навбати худ вазифадор мешаванд, ки зимни вуруд ба кишвар бо худ ташхиси манфӣ аз коронавирусро, ки на пештар аз се рӯз санҷиш шудааст, дошта бошанд.          Пештар хабар дода шуд, ки норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳо мешавад аз ҳисоби занони маҳаллӣ ҷуброн кард.          Аз авоили соли 2021 қарори Вазорати сохтмон оид ба бештар намудани рӯйхати касбҳои ҷоиз барои занон, ба амал хоҳад даромад.        
4 дек
ПАРВОЗҲО АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Ширкати «Сомон Эйр» ба нақша гирифтааст, ки дар моҳи декабри соли 2020  146 парвоз аз ФР ба Тоҷикистон анҷом диҳад. Ин парвозҳо аз Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Казан, Красноярск, Краснодар, Сургут ва Иркутск сурат мегиранд. Билетҳои ҳавопайморо метавон аз ин нуқтаҳо дастрас намуд.: ш. Москва - аэропорти "Домодедово", кассаҳои №88 и №40, тел: 89295994541; ш. Санкт-Петербург - Аэропорти «Пулково», тел: 89775205886; ш. Санкт-Петербург - "Московский проспект", Литер А, хонаи 7, бинои 40Н, тел: 89775205886; ш. Новосибирск - аэропорти Новосибирск, тел: 89161133599, 89035120420; ш. Екатеринбург - к. Техническая, х. 35, тел: 89175681253; ш. Красноярск -  аэропорти Красноярск, тел: 89161133599, 89035120420; ш. Иркутск - г. Ангарск, 11 мкр, х. 19, офис №4, тел: 89161133599, 89035120420; ш. Казань – к. Рихарда Зорге 66, корпус 1, тел: 89035120420; ш. Сургут - к. Григория Кукуевитского 15/1, тел: 89035120420; ш. Краснодар – к. Монтажников, х 1, тел: 89175681253. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба ин рақамҳо тамос бигиред: +992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43, info.caa@yandex.tj Авиакомпания «Сомон Эйр»: +992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48, call-center@somonair.com claims@somonair.com